Тафсири Кодекси гумруки Тоҷикистон омодаи чоп шуд

Лоиҳаи тафсири илмии Кодекси гумруки Тоҷикистон пурра мавриди таҳрир ва ягонасозии сабку услуб қарор гирифта, айни замон омодаи чоп аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тибқи нақша, табъу нашр ва дастраси хонанда гардидани тафсир дар муҳлатҳои наздиктарин дар назар аст. “Лоиҳаи тафсир бо мақсади иҷрои қарори ҳукумат “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид […]

Лоиҳаи тафсири илмии Кодекси гумруки Тоҷикистон пурра мавриди таҳрир ва ягонасозии сабку услуб қарор гирифта, айни замон омодаи чоп аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тибқи нақша, табъу нашр ва дастраси хонанда гардидани тафсир дар муҳлатҳои наздиктарин дар назар аст.

“Лоиҳаи тафсир бо мақсади иҷрои қарори ҳукумат “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ барои солҳои 2012-2020” таҳия шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тафсир имкон медиҳад, ки татбиқи меъёрҳои он аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук боз ҳам дурусту саривақтӣ ба роҳ монда шуда, дастрасии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба маълумоти марбут ба расмиёти гумрукӣ васеъ гардида, мазмуни меъёрҳои Кодекс возеҳу равшан гарданд.

“Ҳамчунин, тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба раванди тадрису омӯзиши муассири кори гумрукӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мусоидат намояд”, – қайд мешавад дар маълумоти Хадамот.

Таъкид мешавад, ки аз тафсир ба Кодекси гумрук донишҷӯёни мактабҳои олии дахлдори кишвар истифода бурда метавонанд.

Лоиҳаи тафсири Кодекси гумруки Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи кории иборат аз мутахассисону олимон, ки дар назди Хадамоти гумрук таъсис дода шуд, таҳия гардид.

Қобили зикр аст, ки Кодекси амалкунандаи гумруки Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2004 мавриди амал қарор гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.