Дар қаламрави Саразми бостонӣ 20 ширкат чӣ месозанд?

Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм ба ҷашни пуршукӯҳи 5500-солагиаш омодагӣ мегирад. Ба корҳои таъмиру навсозӣ ва созандагиву бунёди шаҳраки қадима ба маблағи умумии 7 млн доллар 20 ширкати сохтмонӣ ҷалб шудааст. Дар ин ҷо дарвозаи пурҳашамати кандакоришуда, осорхона ва меҳмонхона, фурӯшгоҳ ва маҳалла дар шакли қадима сохта шуда истодааст. Гузориши видеоии мо дар бораи ҷараёни омодагии […]

Элшод Ҳасанов, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм ба ҷашни пуршукӯҳи 5500-солагиаш омодагӣ мегирад. Ба корҳои таъмиру навсозӣ ва созандагиву бунёди шаҳраки қадима ба маблағи умумии 7 млн доллар 20 ширкати сохтмонӣ ҷалб шудааст.

Дар ин ҷо дарвозаи пурҳашамати кандакоришуда, осорхона ва меҳмонхона, фурӯшгоҳ ва маҳалла дар шакли қадима сохта шуда истодааст. Гузориши видеоии мо дар бораи ҷараёни омодагии шаҳри қадима ба ҷашн.

Қобили зикр аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм дар сатҳи байнулмилалӣ 12-уми сентябри соли равон таҷлил хоҳад шуд. Ин ёдгории нодир бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 21-уми сентябри 2001 ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” эълон гардида буд. Сипас бо пешниҳоди Тоҷикистон 31-уми июли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.