Зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи Tcell – дар опсияи нави «Бемаҳдуд»

Оператори пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell ба муштариёне, ки бештар занг мезананд, опсияи ҷадиди "Бемаҳдуд"-ро пешниҳод менамояд. Опсияи «Бемаҳдуд» дар дохили шабакаи Tcell зангҳои бемаҳдудро ҳамагӣ бо арзиши 10 сомонӣ барои як моҳ пешниҳод мекунад. Опсия дар тарофаҳои «Алло» ва «Саломатӣ» дастрас аст. Опсия баъд аз ба анҷом расидани бастаи асосии тарофа, яъне ҳангоми […]

Иттилоияи расмӣ

Оператори пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell ба муштариёне, ки бештар занг мезананд, опсияи ҷадиди "Бемаҳдуд"-ро пешниҳод менамояд.

Опсияи «Бемаҳдуд» дар дохили шабакаи Tcell зангҳои бемаҳдудро ҳамагӣ бо арзиши 10 сомонӣ барои як моҳ пешниҳод мекунад. Опсия дар тарофаҳои «Алло» ва «Саломатӣ» дастрас аст. Опсия баъд аз ба анҷом расидани бастаи асосии тарофа, яъне ҳангоми фаъол будани хизматрасонии  «Бемаҳдуд» фаъол гардида, зангҳои дохили шабака бемаҳдуд мешаванд.

Пайвастсозии опсия: *500*6#

Ширкати Tcell барои муштариён як қатор тарофа ва опсияҳои навоваронаву муфидро пешниҳод менамояд. Ҳар як муштарӣ худ метавонад тарофа ва опсияи ба худаш мақбулро интихобу пайваст кунад.

Бо тарофа ва опсияҳои ширкат тавассути сомонаи расмӣ https://www.tcell.tj шинос шудан мумкин аст.

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.