“Хона холист”: Писари Баҳром Ғафурӣ суруди нотамоми ӯро сароид

Анӯшервон Ғафуров, писари 20-солаи овозхони маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ ба хотири гиромидошти ёдбуди падараш суруди таъсирноке сароид. Шакли пурраи таронаи “Хона холист” ва клипи он рӯзи 6 сентябр таҳия ва дар шабакаи YouTube STV нашр шуда, дар як рӯз онро зиёда аз 192 ҳазор нафар корбарон тамошо карданд. Кори таҳияи сурудро худи Баҳром Ғафурӣ оғоз […]

Анӯшервон Ғафуров, писари 20-солаи овозхони маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ ба хотири гиромидошти ёдбуди падараш суруди таъсирноке сароид.

Шакли пурраи таронаи “Хона холист” ва клипи он рӯзи 6 сентябр таҳия ва дар шабакаи YouTube STV нашр шуда, дар як рӯз онро зиёда аз 192 ҳазор нафар корбарон тамошо карданд.

Кори таҳияи сурудро худи Баҳром Ғафурӣ оғоз намуда, чанд рӯз пеш аз марги фоҷеабораш дар студия ба сабти он пардохта буд.

https://www.youtube.com/watch?v=z3NorXCqmT0

Ёдрас мекунем, ки овозхон Баҳром Ғафурии 45-сола рӯзи 7 август дар як садамаи нақлиёт ҳалок шуд. Нисфи умри худро ӯ дар саҳна паси сар намуда, 10 албоми сурудҳояшро нашр кард. Таронаи охиринашро се рӯз пеш аз маргаш сабт кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.