Корфармоёни тоҷикро ба пардохти иловапулӣ барои кори мавсимӣ ва сайёр уҳдадор карданд

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пардохти иловапулӣ ба шахсоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва мавсимӣ машғуланд, дастур дод. Дар ин бора рӯзи 27 август қарори дахлдори ҳукумат қабул шудааст. Дар санад қайд мешавад, ки ба гирифтани иловапулӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки дар сохтмон, саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бахши алоқа, хоҷагиҳои ҷангал ва об, корҳои геологиву иктишофӣ, […]

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пардохти иловапулӣ ба шахсоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва мавсимӣ машғуланд, дастур дод. Дар ин бора рӯзи 27 август қарори дахлдори ҳукумат қабул шудааст.

Дар санад қайд мешавад, ки ба гирифтани иловапулӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки дар сохтмон, саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бахши алоқа, хоҷагиҳои ҷангал ва об, корҳои геологиву иктишофӣ, топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин пажуҳишҳо (экспедитсияҳо)-и илмӣ ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва мавсимӣ машғуланд.

“Иловапулӣ ба коргарон барои корҳои сайёр бо мақсади ҷуброни хароҷоти марбут ба тез-тез ҷойивазкунии корхона ё дурии он аз макони зисти онҳо дода мешавад”, – зикр мегардад дар санад.

Гуфта мешавад, агар корманд имкон надошта бошад, ки ҳар рӯз ба макони зисташ баргардад, хароҷоти иҷораи манзил мутобиқи меъёрҳои муқарраркарда дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар бораи ҷуброни хароҷот ҳангоми дар сафари хизматӣ будан пардохта мешавад.

Зикр мегардад, ки иловапулӣ ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва мавсимӣ дар ҷойи иҷрои корҳо пардохта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони буҷет, инчунин нафақа ва стипендияҳо ба андоза 10-15% зиёд карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.