Дар шаҳри Турсунзода 3 кас ба чоҳ афтода, ҳалок шуданд

Се нафар сокинони деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода шоми 7 сентябр ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа ба чуқурии 18-19 метри он сарозер рафтаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ, беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик ба рух додани ин ҳодиса боис гардидааст. “Дар баробари расидани хабар […]

Се нафар сокинони деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода шоми 7 сентябр ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа ба чуқурии 18-19 метри он сарозер рафтаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ, беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик ба рух додани ин ҳодиса боис гардидааст.

“Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, яке аз ин се нафар – Амрулло Хуҷамови 62-сола зинда аз дохили чоҳ берун оварда шуд, вале мутаассифона, дар бемористони шаҳрӣ аз ҷароҳатҳои вазнин ҳалок шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, дастаи 6-нафараи наҷоти Кумита то соати 20:45 дақиқа ҷасади ду фавтидагони дигарро ҳам аз чоҳ берун оварда, ба беморхонаи шаҳрии Турсунзода интиқол дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.