Сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меорад

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар маросими ифтитоҳи мактаб таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҳисоби ҳукумати Ӯзбекистон сохта ба истифода дода шуд, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар дод. Мактаби мазкур барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сохта шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони он […]

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар маросими ифтитоҳи мактаб таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҳисоби ҳукумати Ӯзбекистон сохта ба истифода дода шуд, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар дод.

Мактаби мазкур барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сохта шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони он моҳи марти соли 2018 зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Санаи маросими тантанавии ифтитоҳи иншоот тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

Ба ҷуз мактаб дар ноҳияи Спитамен, сохтмони беморхона барои қабули 200 нафар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ аз ҷониби Ӯзбекистон ҷараён дорад.

Тоҷикистон низ аллакай доир ба сохтмони мактаб дар шаҳри Самарқанд барои 640 ҷойи нишаст изҳори назар карда буд. Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона як муассисаи томактабӣ созад.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин сафари мансабдори воломақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон пас аз эълони пандемия дар саросари дунё аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.