МегаФон Тоҷикистон ба мизоҷони тиҷоратӣ ратсияро дар асоси алоқаи мобилӣ пешниҳод менамояд

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба мизоҷони корпоративии худ хизматрасонии нави РоС терминалҳо пешниҳод намуд. Он имкон медиҳад, ки дастгоҳҳои мобилӣ ба сифати ратсия барои алоқаи байни кормандон ё воситаи ташкилкунандаи хадамоти фармондиҳӣ-диспетчерии корхона ба кор бурда шавад. Дастгоҳҳои истифодабарандагон дар базаи шабакаи мобилии “МегаФон Тоҷикистон”, ки яке аз шабакаҳои аз ҳама нерӯманд ва инкишофёфтаи кишвар маҳсуб […]

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба мизоҷони корпоративии худ хизматрасонии нави РоС терминалҳо пешниҳод намуд. Он имкон медиҳад, ки дастгоҳҳои мобилӣ ба сифати ратсия барои алоқаи байни кормандон ё воситаи ташкилкунандаи хадамоти фармондиҳӣ-диспетчерии корхона ба кор бурда шавад. Дастгоҳҳои истифодабарандагон дар базаи шабакаи мобилии “МегаФон Тоҷикистон”, ки яке аз шабакаҳои аз ҳама нерӯманд ва инкишофёфтаи кишвар маҳсуб меёбад, фаъолият мекунанд.

Хизматрасонии PoC (Push to talk over cellular) барои истифодаи дастгоҳи мобилӣ ба сифати ратсия пешбинӣ гардидааст. Ба ғайр аз ин хизматрасонии мазкур ҳамаи камбудиҳоеро, ки хоси ратсияву смартфонҳои оддӣ мебошанд, надорад. Агар ратсия сигнали худро, ки танҳо аз овоз иборат аст, ба масофаи хеле маҳдуд паҳн намояд, PoC-терминалҳо барои ирсоли файлҳои мултимедиягӣ – аксу видео қодир мебошанд ва аз рӯйи радиуси амал маҳдудият надоранд.

Дар муқоиса бо смартфонҳо РоС-дастгоҳҳо барои кор дар шароитҳои фавқуллода (масалан, ҳангоми ҳароратҳои паст) нисбатан боэътимод ва устувор ҳастанд, ба ғайр аз ин, дар онҳо барномаю замимаҳое, ки диққати кормандонро аз кор ба сӯйи дигар ҷалб мекунанд, мавҷуд нестанд. 

“РоС– терминалҳо- имконияти беҳтарин барои ширкатҳоест, ки мутахассисони онҳо ба тариқи фосилавӣ фаъолият мекунанд, дар қаламрави ҷумҳурӣ сафарҳо анҷом медиҳанд ё дар майдонҳои истеҳсолӣ қарор доранд. Диспетчер ё роҳбар дар дилхоҳ вақт метавонад макони қарордоштаи кормандро муайян карда, ҳатто ҳангоми дар минтақаи дигари Тоҷикистон қарор доштани номбурда бо ӯ тамос гирад. Воситаи мазкур барои идоракунии ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, назорати истеҳсолот ё гузаронидани маҷлисҳои гурӯҳӣ бо идораву филиалҳои дигар воситаи хеле қулай мебошад”, – шарҳ дода мегӯяд директори тиҷорат ии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед Бобоалиев.

Оператор ба истифодабарандагон ду намуди PoC- терминалҳо пешниҳод мекунад. Hytera PNC370 зоҳиран ба ратсияи оддӣ монандӣ дорад, лекин дорои экрани барои қабул ва таҳвили аксу видео муносиб мебошад. Hytera PNC550 дар шакли смартфон таҳия шуда, бо системаи оператсионии Android 8.1 таъмин мебошад. Ҳарду РоС- терминалҳо зарббардор буда, ин сифат ҳангоми кор дар истеҳсолот хеле муҳим арзёбӣ мешавад, онҳо аз ҷиҳати эътимоднокии баланд ва садои тоза фарқ мекунанд – мағалҳои дигари истеҳсолӣ маҳв карда мешаванд. Ба шарофати  шабакаи боқудрати ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бошад, “ратсияҳои мобилӣ” анқариб дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас хоҳанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.