Рӯзи дуюми Ҳафтаи муди Tajikistan Fashion Week

Ҳафтаи V ҷашнии байнулмилалии муд Tajikistan Fashion Week идома дорад. Имрӯз эҷоди худро 8 тарроҳ (дизайнер) ва моделйерҳо аз Тоҷикистону Испания ва Қазоқистону Қирғизистон намоиш доданд. Имсол чорабинӣ бори нахуст тариқи онлайн баргузор мешавад. Шумо намоиши онро дар Youtube тамошо карда метавонед. Лоиҳаи иҷтимоиву фарҳангии Tajikistan Fashion Week, ки аз ҷониби иттиҳодияи эҷодии T&Z роҳандозӣ […]

Ҳафтаи V ҷашнии байнулмилалии муд Tajikistan Fashion Week идома дорад. Имрӯз эҷоди худро 8 тарроҳ (дизайнер) ва моделйерҳо аз Тоҷикистону Испания ва Қазоқистону Қирғизистон намоиш доданд.

Имсол чорабинӣ бори нахуст тариқи онлайн баргузор мешавад. Шумо намоиши онро дар Youtube тамошо карда метавонед.

Лоиҳаи иҷтимоиву фарҳангии Tajikistan Fashion Week, ки аз ҷониби иттиҳодияи эҷодии T&Z роҳандозӣ шудааст, тамоили самти афзалиятноки миллӣ оид ба дастгирии тарроҳони лаёқатманд ва пешбурди онҳо ба сатҳи нав мебошад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа ҳамкориҳо муқаррар ва дар саросари ҷаҳон густариш меёбанд, робитаҳо байни имконоти эҷодӣ ва истеҳсолии кишвар роҳандозӣ мешаванд, барои ташкили инкубаторҳои тиҷоратӣ дар соҳаи индустрияи муд ва реклама замина фароҳам оварда мешавад.

Шарикони расмии лоиҳа имсол Global fashion Week Berlin ва New Yourk, Oriental Fashion Show Paris,  Aspara Fashion Week, Kazahstan Fashion Week, Burana Fashion Week, SerbiaFashionWeek, AzerbaijanFashionWeek, UzbekistanFashionWeek, MercedesBenzFashionWeek Moscow ва дигарон мебошанд.

Дастгирии кулли иттилоотии чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи Расонаҳои «Азия-Плюс» таъмин шуда, шабакаи телевизиони интернетии World Styles, шабакаҳои телевизиони «Сафина», «Душанбе HD» ва «Синамо»-и Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории чорабинӣ гузоришҳо намоиш медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.