Рустами Эмомалӣ даъват кард, ки Душанбе ба “шаҳри сабз” табдил шавад

Раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, ки рӯзи 23 сентябр доир гардид, ба сокинони пойтахт муроҷиат намуда, як қатор пешниҳоду дастурҳо дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои […]

Раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, ки рӯзи 23 сентябр доир гардид, ба сокинони пойтахт муроҷиат намуда, як қатор пешниҳоду дастурҳо дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.

Гуфта мешавад, дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт дар бораи омодагии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 шунида шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор кард, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдорӣ ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо, саривақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо  вазифадор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.