Ҳалокати 5 кас дар 2 ҳодисаи садамаи нақлиёт

Дар 2 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 нафар ҳалок ва 2 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” Абдулло Давлатови 35-сола ба хатти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи “Хундай” таҳти идораи Мунаввар Раҷабзодаи […]

Дар 2 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 нафар ҳалок ва 2 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” Абдулло Давлатови 35-сола ба хатти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи “Хундай” таҳти идораи Мунаввар Раҷабзодаи 54-сола бармехӯрад.

“Дар натиҷа ронандагони ҳар ду автомашина ва як мусофирзани 49-солаи автомашинаи “Хундай” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, боз 2 мусофири ҳарду автомашина ҷароҳат мегиранд ва дар бемористон бистарӣ шудаанд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Дар ҳодисаи дигар, ки дар маркази ноҳияи Данғара рух додааст, Самариддин Сайдалиеви 25-сола аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” набаромада, он ба панҷараи бетонӣ бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, бар асари он сокинони маҳаллӣ Ҷонибек Ғуломов ва Рамазон Холов, ҳар ду 26-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шудаанд.

Мувофиқи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи маргумир аз садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ҳамасола 19 кас ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.