Нозирони САҲА ба пайгирии ҷараёни интихоботи президентӣ оғоз карданд

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҳайати мушоҳидони байналмилалиро аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” Бахтиёр Худоёрзода оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста […]

АМИТ “Ховар”

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҳайати мушоҳидони байналмилалиро аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” Бахтиёр Худоёрзода оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста ба тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи президенти Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидон иттилоъ дод.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода Комиссия дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар ин раванд, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи СOVID – 19 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар рӯзи интихобот, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ба баргузории интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи президенти ҷумҳурӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонидааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба  муқаррароти қонунгузории интихоботии мамлакат, низоми интихоботӣ, вазифаҳои комиссияҳои интихоботӣ ва нақши мушоҳидони байналмилалию миллӣ дар раванди интихобот мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ оид ба арзёбии интихобот аз ДНДҲИ/САҲА фаъолияти худро ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи президенти Тоҷикистон оғоз намуд.

Зикр мегардад, ки омодагиҳо ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, бомаром идома доранд. Бо мақсади шаффоф, ошкоро ва демократӣ гузаштани интихобот, инчунин мушоҳидаи раванди он ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалӣ аз хориҷи мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.