Нахустин бор театри тоҷик ба Амрико меравад

Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар дувумин ҷашнвораи театрии Voices 2020 (Садо 2020) дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА ширкат мекунад. Ин бори нахуст, ки як театри Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои Амрико роҳ пайдо мекунад ва дар баробари театрҳои кишварҳое чун ИМА, Русия, Испания, Ҷопон, Эстония, Фаронса ва ғайра рақобат мекунад. Дар ин ҷашнвора, ки аз 15 […]

Asia-Plus

Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар дувумин ҷашнвораи театрии Voices 2020 (Садо 2020) дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА ширкат мекунад. Ин бори нахуст, ки як театри Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои Амрико роҳ пайдо мекунад ва дар баробари театрҳои кишварҳое чун ИМА, Русия, Испания, Ҷопон, Эстония, Фаронса ва ғайра рақобат мекунад.

Дар ин ҷашнвора, ки аз 15 то 25 октябр бо шеваи нашри онлайнӣ мегузарад, театри тоҷик бори аввал ширкат мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Суҳроб Ҷанҷолов,  муовини раиси театри ҷавонон хабар дод.

“Ба мо барои ширкат дар ин ҷашнвора даъватнома фиристоданд ва дархост карданд, ки яке аз намоишномаҳои беҳтаринамонро бифристем. Мо якчанд намоишномаро фиристодем ва онҳо “Дирафши Коваёнӣ”-ро, ки бар пояи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз сӯйи коргардони варзида Нозим Меликов рӯйи саҳна оварда шудааст, интихоб карданд”,-гуфт Ҷанҷолов.

Ҷанҷолов гуфт, агар ҳамагирии коронавирус намебуд, онҳо имкон доштан ба таври зинда дар баробари тамошобинони ИМА рӯйи саҳна биоянд, вале ба далели коронавирус ҷашнвора ба таври онлайн мегузарад: “Намоишномаро бо инглисӣ тарҷума карда фиристодем. Дар ин ҷашнвора ҳамчунин тетарҳое аз ИМА, Русия, Испания, Чех, Эстония, Фаронса, Африқо, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Исроил, Узбекистон ва ғайраҳо ширкат мекунанд”,- гуфт муовини раиси театр.

Нашри онлайнии намоишномаи Театри ҷавонон 25 октябр соати 12 ба вақти Амрико, ки муродиф ба соати 21.00 Тоҷикистон аст, сурат мегирад.

Бори нахуст намоишномаи “Дирафши коваёнӣ” дар Тоҷикистон соли 2017 дар Театри давлатии ҷавонон намоиш дода шудааст.

Ин намоишнома ҳамчунин барандаи Шоҳҷоизаи ҷашнвораи театрҳои касбии “Парасту” дар Тоҷикистон ва Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ дар соли 2019 дар Қазоқистон гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.