Ҷавонони бахши молия ҳам аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ карданд

Дар Душанбе рӯзи 29 сентябр зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат» ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи кишвар баргузор шуд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ зимни суханронӣ дар ҳамоиш рушди устувори бахши молияи ҷумҳуриро дар замони сари мансаби президентӣ қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард. Ӯ гуфт, ки дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат […]

Дар Душанбе рӯзи 29 сентябр зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат» ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи кишвар баргузор шуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ зимни суханронӣ дар ҳамоиш рушди устувори бахши молияи ҷумҳуриро дар замони сари мансаби президентӣ қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард.

Ӯ гуфт, ки дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат низоми молиявии кишвар ислоҳотҳои зиёдро паси сар намуд.

Ба сурати умум, таъкид дошт Маҷидӣ, дар даврони истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Тоҷикистон зиёда аз 20 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ таҳия ва қабул карда шуданд.

Ба гуфтаи вай, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ маблағҳои зерини ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ҷалб шуданд: дар соҳаи энергетика 43 лоиҳа ба маблағи 2,3 млрд доллар; нақлиёт: 53 лоиҳа ба маблағи 2 млрд доллар ва кишоварзӣ: 49 лоиҳа ба маблағи 600 млн доллар.

Ғайр аз ин, муовини вазир мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити имрӯзаи иқтисодӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар, аз байн бурдани нишондиҳандаҳои дақиқи сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкориро қайд кард.

Ӯ изҳори итминон кард, ки солҳои наздик низоми молияи давлатӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба пешрафтҳои аз ин ҳам зиёд ноил мегардад.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. КМИР ҶТ 5 номзадро расман ба қайд гирифт: аз Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон; аз Ҳизби аграрӣ – Рустам Латифзода; аз Ҳизби сотсиалистӣ – Абдуҳалим Ғаффорзода; аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – Рустам Раҳматзода ва аз Ҳизби коммунист – Мироҷ Абдуллоев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.