Тоҷикистону Афғонистон низоми экологии Панҷу Амӯдарёро ҳифз мекунанд

Байни Тоҷикистону Афғонистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи муҳити зист имзо шуд. Он барои  кори муштарак дар самти ҳифзи низоми экологии кӯҳии умумии ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амӯдарё асос мешавад. Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, гуфтушунидҳо миёни кишварҳо таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ бо дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП)  аз […]

Байни Тоҷикистону Афғонистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи муҳити зист имзо шуд. Он барои  кори муштарак дар самти ҳифзи низоми экологии кӯҳии умумии ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амӯдарё асос мешавад.

Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, гуфтушунидҳо миёни кишварҳо таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ бо дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП)  аз соли 2012 баргузор мешаванд.

Созишномае, ки 17 сентябри соли 2020 дар Душанбе ба имзо расид, ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ шудааст. Он ба панҷ масъалаи калидӣ дахл дорад: мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ, мониторинги сифати об, арзёбии экологӣ ва табодули донишу таҷриба дар соҳаи идоракунии низоми экологӣ.

Дар он уҳдадориҳои ду кишвар дар баргузории арзёбии экологии лоиҳаҳои муштарак ва огоҳ кардани ҳамдигар дар сурати таъсири имкопазири фаромарзӣ ба муҳити зист зикр шудааст.

Манзараҳои таъсирбахшу зебо ва нотакрори Помиру Вахон, ки пиряхҳои онҳо ба маҷрои Амӯдарё – бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ оғоз мебахшанд, макони зисти навъои нодири ҳайвоноту наботот мебошанд.

“Созишнома ба Тоҷикистону Афғонистон дар қабули қарорҳои муштарак, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва нигаҳдории гуногуншаклиии биологӣ равона шудаанд, имкон медиҳад. Умедворем, ки ин ҳамкорӣ минбаъд дар дигар кишварҳои ҳавзаи Амӯдарё низ роҳандозӣ хоҳад шуд”, – изҳор доштааст роҳбари Барномаи ЮНЕП оид ба масоили офат ва низоъҳо Гарри Люис.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.