Қиматшавии сомонӣ дар партави коҳиши қурби рубл нисбат ба доллар

Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомониро нисбат ба рубл дар моҳи гузашта аз 0,1392 сомонӣ дар аввали моҳи сентябр то ба 0,1296 сомонӣ рӯзи 30 сентябр боло бурд. Дар партави хабарҳо дар бораи афзоиши қурби биржавии рубл, қурби рубл имрӯз, 1 октябр то 0,1131 сомонӣ барқарор шуд. Бино ба маълумоти биржаи Маскав, доллар чанде пеш […]

Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомониро нисбат ба рубл дар моҳи гузашта аз 0,1392 сомонӣ дар аввали моҳи сентябр то ба 0,1296 сомонӣ рӯзи 30 сентябр боло бурд.

Дар партави хабарҳо дар бораи афзоиши қурби биржавии рубл, қурби рубл имрӯз, 1 октябр то 0,1131 сомонӣ барқарор шуд.

Бино ба маълумоти биржаи Маскав, доллар чанде пеш шомгоҳон 1 рублу 37 тин арзон шуд.

ВАО-и Русия хабар медиҳанд, ки Бонки марказӣ аз 1 октябр фурӯши асъорро дар бозор зиёд мекунад. Ин бояд ба таҳкими қурби рубл, ки тайи рӯзҳои ахир бар асари хавфҳои геополитикӣ поин рафт, кумак кунад.

Бонки марказии Русия ният дорад, ки то охири сол ба маблағи 185 млрд рубл асъор фурӯшад. Ҳамарӯза дар бозор илова ба фурӯши он барои Вазорати молия тибқи қоидаи буҷетӣ, ба маблағи 2,9 млрд рубл фурӯши асъор пешниҳод мешавад. Ҳаҷми рӯзонаи чунин амалиёт моҳи сентябр ҳудуди 2,4-2,5 млрд рублро ташкил медод.

Гуфта мешавад, Бонки марказӣ бо фурӯшҳои иловагӣ дар ҳошияи тез-тез тағйирёбии қурб дар бозори асъор мебарояд: давоми ҳафтаи гузашта қурби доллар дар биржаи Маскав қариб 3 рубл боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар моҳи охир нисбатан бетағйир (аз 10,3197 сомонӣ барои 1 доллар дар аввали моҳи сентябр то 10,3297 сомонӣ рӯзи 30 сентябр) боқӣ монд. Қурби сомонӣ нисбат ба асъори аврупоӣ 1,9% (аз 12,3228 сомонӣ барои 1 евро рӯзи 1 сентябр то ба 12,0893 сомонӣ рӯзи 30 сентябр) зиёд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.