Сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон то анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвар ба реҷаи пурӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аз 8 октябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ пурра ба реҷаи ҳузури доимӣ дар ҷойи кор қарор мегиранд. Реҷаи пурзӯри […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон то анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвар ба реҷаи пурӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз 8 октябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ пурра ба реҷаи ҳузури доимӣ дар ҷойи кор қарор мегиранд.

Реҷаи пурзӯри адои хизмат дар робита ба баргузории интихоботи президентӣ, ки рӯзи 11 октябр таъин шудааст, ҷорӣ шуд.

Дар давраи баргузории интихобот ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбонҳои тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ зери назорат ва посбонӣ гирифта мешаванд.

Ҳудуди 4 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ, ки рӯзи интихобот дарҳои худро боз мекунанд, таҳти назорат ва ҳимояти шабонарӯзӣ қарор мегиранд.

Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи баргузории интихобот комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.