Тоҷикистон аз оғози сол ба маблағи $90 млн алюминии аввалия содирот кард

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон 6,2 ҳазор тонна алюминии аввалияро коркард намуданд. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ин нишондиҳанда нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ба миқдори 105 тонна зиёд мебошад. Гуфта мешавад, аз металли коркардшуда асосан профилҳои алюминии гуногун ва профилҳои пластикӣ истеҳсол шуда, инчунин алюминий дар […]

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон 6,2 ҳазор тонна алюминии аввалияро коркард намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ин нишондиҳанда нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ба миқдори 105 тонна зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, аз металли коркардшуда асосан профилҳои алюминии гуногун ва профилҳои пластикӣ истеҳсол шуда, инчунин алюминий дар истеҳсоли техникаи кишоварзӣ истифода мешавад.

Маҳсулот ба Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон  ва давлатҳои Аврупо содирот шудааст.

Таъкид мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 61 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст.

Дар ин давра алюминии аввалия дар ҳаҷми 57,4 ҳазор тонна ба маблағи 924 млн сомонӣ (90 млн доллар) асосан ба Аврупо содирот гардидааст.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки дар истеҳсоли алюминии аввалия айни замон зиёда аз 5,7 ҳазор нафар машғули кор буда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомонӣ (137 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.