Ҷанги байни Озарбойҷону Арманистон шиддат мегирад

Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 4-уми октябр гуфт, нерӯҳои Арманистон ба Ганҷа, дуввумин шаҳри бузурги он кишвар зарбаҳои мушакӣ задаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷанг байни ду кишвар ҳафтае пеш бархост ва шиддат мегирад. Арманистон гуфт, ҳеҷ гуна ҳамлаи мустақим ба Озарбойҷон накардааст, вале раҳбари вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи куҳӣ гуфт, ки неруҳои онҳо, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 4-уми октябр гуфт, нерӯҳои Арманистон ба Ганҷа, дуввумин шаҳри бузурги он кишвар зарбаҳои мушакӣ задаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷанг байни ду кишвар ҳафтае пеш бархост ва шиддат мегирад. Арманистон гуфт, ҳеҷ гуна ҳамлаи мустақим ба Озарбойҷон накардааст, вале раҳбари вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи куҳӣ гуфт, ки неруҳои онҳо, як пойгоҳи низомӣ дар Ганҷаро нобуд кардаанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон бо нашри як баёнияе дар вебсайташ гуфт, ки шаҳри Ганҷа, ки 330 000 аҳолӣ дорад бо чанд манотиқи дигари аҳолинишин ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва тӯпхона қарор гирифтаанд. Бахши озарии Радиои Озодӣ аз қавли вазорат навишт, ки Озарбойҷон барои қасос гирифтан “чораҳои муносиби ҷавобӣ” меандешад.

Зокир Ҳасанов, вазири дифои Озарбойҷон гуфт, ҳамлаҳо аз қаламрави Арманистон иғвои ошкоро аст, ки қаламрави ҷангҳоро васеътар мекунад ва Озарбойҷон чораҳои ҷавобӣ андешидааст. Ӯ нагуфт, чӣ чора андешидаанд, вале хабарнигорон аз таркишҳое гузориш доданд, ки шаҳри Степанакерт, маркази маъмулии Қаробоғи куҳиро такон додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.