КМВА барандаи медалҳои биринҷии чемпионат шуд

Мусобиқаи 29-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар даври ниҳоӣ барандаи медалҳои бириниҷии чемпионат муайян шуд. Онро дастаи КМВА (ССКА)-и Душанбе ба даст овард, ки дар даври охир тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ҳамчунин дар даври охир дастаи дуюме, ки ҳамроҳи “Регар-ТадАЗ” имсол Лигаи олиро […]

Мусобиқаи 29-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар даври ниҳоӣ барандаи медалҳои бириниҷии чемпионат муайян шуд. Онро дастаи КМВА (ССКА)-и Душанбе ба даст овард, ки дар даври охир тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ҳамчунин дар даври охир дастаи дуюме, ки ҳамроҳи “Регар-ТадАЗ” имсол Лигаи олиро тарк мекунад, маълум гардид. Дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе низ соли оянда дар Лигаи якум ҳунарнамоӣ мекунад.

Нишонзани беҳтарини мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон капитани дастаи “Истаравшан” Илҳом Баротов дониста шуд, ки дар мавсими имсола ба дарвозаи ҳарифон 18 тӯб ба самар расонид. Ҳамлагари “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов бо 16 гол дар зинаи дуюми нишонзанҳо қарор гирифт.

Ёдрас мекунем, ки имсол дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ба унвони чемпионӣ ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба дарёфти медалҳои нуқра ноил гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.