Сабикаҳои тиллои БМТ аз оғози сол ҳудуди 33% қимат шуданд

Сабикаҳои тиллои ченшуда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фурӯхта мешаванд, аз оғози соли ба ҳисоби мёна 32,9% гарон шуданд. Бино ба маълумоти БМТ, арзиши сабикаи 5-грамма дар ин давра ба андозаи 31,9%, 10-грамма – 32,8%, 20-грамма – 33%, 50-грамма – 33,4% ва 100-грамма – 33,5% боло рафтааст. Нархи сабикаи тиллоии вазнаш 5 грамм […]

Сабикаҳои тиллои ченшуда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фурӯхта мешаванд, аз оғози соли ба ҳисоби мёна 32,9% гарон шуданд.

Бино ба маълумоти БМТ, арзиши сабикаи 5-грамма дар ин давра ба андозаи 31,9%, 10-грамма – 32,8%, 20-грамма – 33%, 50-грамма – 33,4% ва 100-грамма – 33,5% боло рафтааст.

Нархи сабикаи тиллоии вазнаш 5 грамм имрӯз, 12 октябр – 3350 сомонӣ, 10 грамм – 6612 сомонӣ, 20 грамм- 13076 сомонӣ, 50 грамм – 32446 сомонӣ ва 100 грамм – 64724 сомонӣ муқаррар шудааст.

Нархи харид аз ҷониби Бонки миллӣ чунин аст: 5 грамм – 2479 сомонӣ, 10 грамм – 4871 омонӣ, 20 грамм – 9596 сомонӣ, 50 грамм – 23754 сомонӣ ва 10 грамм – 47343 сомонӣ.

Арзиши сабикаҳои тиллоӣ мувофиқи нарх барои се унсия (31,1034768 грамм)-и тилло ва аз рӯйи натиҷаҳои савдои биржавии асъори хориҷӣ (фиксинг) дар Лондон муайян карда мешавад. Ба ғайр аз ин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшуда, масрафоти нақлиёту суғурта ва боҷҳои гумрукӣ низ ҳисоб мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккорикардаро ба муомилоти озод баровард.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода 5 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки то ин дам ба аҳолӣ 50 кило сабикаҳои тилло фурӯхта шудааст. Ӯ зикр кард, ки дар анборҳои БМТ боз 100 кило сабикаҳо тилло харидорони худро интизоранд.

Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаи тилло харида метавонад. Дигар ҳуҷҷати иловагӣ талаб карда намешавад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти фурӯш вуҷуд дорад: ба 1 нафар 1 кило дар як сол.

Сабикаҳо аз ҷониби Департаменти гардиши пул ва амалиёти хазинавии БМТ дар Душанбе, ки дар бинои кӯҳнаи бонк воқеъ аст, фурӯхта мешаванд.

Хариду фурӯши сабикаҳои тиллои ченшуда бо асъори миллӣ – сомонӣ анҷом дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.