3 ҳазор сомонӣ: Ҷоизаи палавхӯре, ки Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кард (ВИДЕО)

Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин"-и вилояти Суғд, ки онро Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кард, як нафар мақоми аввал ва ҷоизаи 3 ҳазор сомониро ба даст овардааст. Панҷ нафари дигар дар ин озмун соҳиби мақомҳои баъдӣ ва ҳазор сомонии шудаанд. Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин" Баҳодур Шокиров, сокини ноҳияии Айнии ин вилоят мақоми аввалро ба даст овардааст. Як масъули Раёсати рушди […]

Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин"-и вилояти Суғд, ки онро Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кард, як нафар мақоми аввал ва ҷоизаи 3 ҳазор сомониро ба даст овардааст. Панҷ нафари дигар дар ин озмун соҳиби мақомҳои баъдӣ ва ҳазор сомонии шудаанд.

Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин" Баҳодур Шокиров, сокини ноҳияии Айнии ин вилоят мақоми аввалро ба даст овардааст. Як масъули Раёсати рушди иқтисоди вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Баҳодур Шокиров дар панҷ дақиқа 700 грам оши палавро хӯрдааст, ки аз панҷ ширкаткунандаи дигари озмун пеш гузаштааст. 

Ин озмун ҳангоми сафари ахири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд баргузор шуд, ки аксҳои онро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ расонаӣ кардааст.

Озмуни "Ошхӯри беҳтарин"-ро имсол Раёсати рушди иқтисоди вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати кишоварзии ин вилоят ба ифтихори ҷашни Меҳргон ташкил кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.