Тоб наоварданд. Қатъи фаъолияти беш аз 17,6 ҳазор тоҷир дар Тоҷикистон

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 17,6 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ карданд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо истинод ба Феҳристи давлатии корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ. Аз ҷумла, 652 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 17 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ барҳам дода шуданд. Ҳамчунин 824 соҳибкорони инфиродӣ, ки […]

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 17,6 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ карданд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо истинод ба Феҳристи давлатии корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла, 652 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 17 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ барҳам дода шуданд.

Ҳамчунин 824 соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома, зиёда аз 14,4 ҳазор соҳибкорони инфродӣ, ки тибқи патент кор мекарданд ва 1,7 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (ба соҳибкорони инфиродӣ мансубанд) фаъолияти худро қатъ намуданд.

Шумори субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 337 ҳазорро ташкил дод, аз ҷумла 35,6 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва зиёда аз 301 ҳазор – соҳибкорони инфиродӣ.

Теъдоди умумии субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,4% ё худ 7,9 ҳазор адад афзудааст.

Ҳудуди 29%-и субъектҳои хоҷагидорӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 26% – дар вилояти Суғд, зиёда аз 24% – дар шаҳри Душанбе, қариб 16% – дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва наздики 5% – дар ВМКБ амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорону мутахассисони соҳа андозҳои баланд, санҷишҳои чандинбораи мақомоти назоратӣ ва коррупсияро ба сифати омилҳои монеъаэҷодкун дар рушди тиҷорат номбар мекунанд.

Аввали ҳамин моҳ Барномаи рушди СММ дар бораи таъсири пандемия ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон таҳқиқотеро нашр намуд, ки дар он дар бораи маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ сухан меравад.

Гуфта мешавад, тамоили мазкур роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад.

Дар таҳқиқот қайд мешавад, ки ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ ба назорат аз болои бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, фулузоти сиёҳу ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, авиатсия ва ғайра идома медиҳад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки соли 2019 дар қаламрави кишвар зиёда аз 1,1 ҳазор корхонаҳои давлатӣ амал мекарданд, ки 24 адади онҳо корхонаҳои бузург буда, ҳаҷми дороиҳояшон тақрибан 42% нисбат ба ММД-ро ташкил медод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.