Тоҷикистон мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ кунад

Парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ кунад. Ин мавзъуъ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр баррасӣ шудааст. Вакилон дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардаанд, ки ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархати нав, яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин- «кори […]

Парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ кунад. Ин мавзъуъ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр баррасӣ шудааст.

Вакилон дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардаанд, ки ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархати нав, яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин- «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шавад, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.

Тибқи ин тарҳи пешниҳодӣ “дар қисми 2 лоиҳаи  Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 4 қонуни амалкунанда сархати нав илова карда мешавад, ки тибқи он минбаъд кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ)  машғул ба гурӯҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробар кардашуда мансуб мебошанд, ки  хусусиятҳои танзими меҳнатии ин гурӯҳи кормандонро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”.

Дар Тоҷикистон баъди ҳамагирии коронавируси COVID-19 мавзӯии кори фосилавӣ бисёр доғ шуд. Бархе аз созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон аз оғози ин ҳамагирӣ ба кори фосилавӣ гузаштаанд ва аксари нишасту ҷаласаҳои худро ҳам фосилавӣ доир мекунанд.

Дар сатҳи расмии давлатӣ бори аввал аст, ки ниҳоди қонунгузории Тоҷикистон талош дорад ин шеваи корро вориди қонун кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.