“Истиқлол” ва “Равшан” барои дарёфти Суперҷом рақобат мекунанд

Дар вохӯрии оғози мавсими нави футбол – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи қаҳрамони кишвар “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи Ҷоми футболи ҷумҳурӣ –  тими “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад. Бо бозӣ барои дарёфти Суперҷом як ҳафта пеш аз даври якум мавсими навбатии футбол дар Тоҷикистон расман оғоз мегардад. Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ […]

Дар вохӯрии оғози мавсими нави футбол – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи қаҳрамони кишвар “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи Ҷоми футболи ҷумҳурӣ –  тими “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад.

Бо бозӣ барои дарёфти Суперҷом як ҳафта пеш аз даври якум мавсими навбатии футбол дар Тоҷикистон расман оғоз мегардад. Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ ва агар дар ин қисмҳо низ ғолиб муайян нашавад, зарбаҳои 11-метра таъин мешаванд.

Бозиҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор шуда, дастаи “Истиқлол” 8 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019.

Соли 2013 “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:2 шикаст дода, ба Суперҷом соҳиб шуд.

Соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар Ҳисор бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, бар дарёфти ин ҷоиза ноил гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.