Дар Шаҳристон низ ба хашговпарварӣ оғоз карданд

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба парвариши хашгов ё қӯтос оғоз намуд. Рӯзи шанбеи 24-уми октябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 10 сар хашгов, ки аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оварда шуда буданд ба хоҷагии ҷангал супурда шуданд. Сухангӯйи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳадафи хашговпарварӣ […]

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба парвариши хашгов ё қӯтос оғоз намуд. Рӯзи шанбеи 24-уми октябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 10 сар хашгов, ки аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оварда шуда буданд ба хоҷагии ҷангал супурда шуданд.

Сухангӯйи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳадафи хашговпарварӣ зиёд намудани саршумори хашгов ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба ин минтақаи кӯҳӣ аст. Бино ба иттилои ӯ раиси вилояти Суғд масъулини хоҷагии ҷангалро муваззаф намудааст, ки барои нигоҳубини хашгов таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунанд.

“Барои эмин нигоҳ доштан аз шикори ғайриқонунӣ, зиёд намудани саршумори қӯтос ва барои таъмини хӯрока дар фасли зимистон раиси вилоят ба масъулини хоҷагии ҷангал дастур дод”-гуфт сухангӯйи раиси вилояти Суғд.

Қаблан дар соли ҷорӣ ба Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи аврупоӣ оварда буданд, ки он замон низ мақомот гуфта буд, ҳадаф доранд бахши сайёҳӣ дар ин минтақаи кӯҳиро рушд диҳанд.

Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ чанд сол пештар бахши хашговпарварӣ оғоз шудааст ва ҳоло дар ин ноҳияҳо беш аз 2000 сар хашгов парвариш мешавад, ки асосан ҳамчун манбаъи гӯшт истифода мебаранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.