Президент ва муфтии Тоҷикистон боз дар сафи мусалмонони маъруфи дунё

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад. Дар раддабандии рӯзи 26 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори шашум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам […]

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад.

Дар раддабандии рӯзи 26 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори шашум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода шомил шудаанд. Онҳо дар рӯйхати 450 шахсиятҳои сол пас аз 50-гонаи беҳтарин (ТОП-50) зикр шудаанд.

Волоҳазрат Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ (ҷойи 30-юм) – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ иқомат доранд, низ дар ТОП-50 қарор дорад.

Дар садри рӯйхати маъруфтарин ва пурнуфузтарин мусалмонони ҷаҳон имсол президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва пас аз ӯ Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз ва Оятулло Алӣ Хоманаӣ – роҳбари олии Эрон аз соли 1989 ҷойгир шудаанд.

Ба 5-гонаи аввал инчнуин Шоҳи Урдун аз соли 1999 Абдулло II Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ шомиланд, ки яке аз олимони саршиноси ҷаҳони ислом аст.

Дар ТОП-50 сарвазири Покистон Имрон Хон (ҷойи 15-ум), шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибн Салмон (ҷойи 23-юм), футболбози дастаи Ливерпул аз Миср Муҳаммад Салоҳ (ҷойи 42-юм) низ зикр шудаанд.

Дар феҳристи минбаъдаи 450 нафар шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон – Рамзан Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов, инчунин қаҳрамони амалкунандаи UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов ва дигарон шомил гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.