Ӯзбекистон дар ҳар вилояташ як донишгоҳи хусусӣ месозад

Узбекистон тасмим гирифтааст шумораи мактабҳои олии хусусиро зиёд кунад. Ибтидо аз 1 сентябри соли 2021 дар ҳар вилояти ин кишвар  ҳадди ақал як донишгоҳи хусусӣ бунёд мешавад. Ин тасмими давлатро Узоқбой Бегимқулов, муовини вазири маорифи ин кишвар дар як нишасти хабарӣ расонаӣ кардааст.  Дар иттилоияи расмии Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон дақиқ гуфта нашудааст, ки дар […]

Узбекистон тасмим гирифтааст шумораи мактабҳои олии хусусиро зиёд кунад. Ибтидо аз 1 сентябри соли 2021 дар ҳар вилояти ин кишвар  ҳадди ақал як донишгоҳи хусусӣ бунёд мешавад. Ин тасмими давлатро Узоқбой Бегимқулов, муовини вазири маорифи ин кишвар дар як нишасти хабарӣ расонаӣ кардааст. 

Дар иттилоияи расмии Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон дақиқ гуфта нашудааст, ки дар ин кишвар чӣ қадар донишгоҳи ғайридавлатӣ бунёд мешавад.

Тавре Бегимқулов гуфт, агар дар шаҳри Тошканд, Қароқалпоқистон ва 12 вилояти Узбекистон яктоӣ донишгоҳ бунёд шавад, пас дар 1 сол дасти кам 14 донишгоҳи ғайридавлатӣ дар ин кишвар таъсис дода хоҳад шуд. Расонаҳо дар бораи таъсиси донишгоҳҳои хусусӣ дар Узбекистон бори нахуст ду сол пеш иттилоъ дода буданд.

Тибқи як оморе, ки соли гузашта нашр шуда буд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама беш дар Қирғизистону Қазоқистон мактабҳои олии хусусӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистону Узбакистону Туркманистон ин навъи мактабҳои олӣ нестанд. 

Дар Тоҷикистон чанд бор талошҳои барои ташкили ин гуна мактабҳои олӣ сурат гирифт, ки ин ниҳодҳо баъди чанд соли фаъолият ё барҳам дода шуданд ё давлатӣ гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.