Нашри зиндаи савганди президентии Раҳмон: кормандони давлатӣ онро тамошо мекунанд

Ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ рӯзи 30 октябр аз соати 9-и субҳ маросими сари мансаб омадани президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман пахш мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” бо иштироки вакилони ҳар ду палатаи парлумон, […]

Ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ рӯзи 30 октябр аз соати 9-и субҳ маросими сари мансаб омадани президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман пахш мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” бо иштироки вакилони ҳар ду палатаи парлумон, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилояҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Қабл аз оғози маросим каме пештар аз вақти маъмулӣ дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ иҷлосияи навбатии муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, сипас вакилон ба маҷмааи “Кохи Сомон” мераванд.

Кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ намоиши маросими савгандёдкунии сарвари давлатро дастаҷамъона тариқи телевизиону радио дар толори маҷлисгоҳҳо тамошо мекунанд.

Маросими савгандёдкунии президент нахуст дар қароргоҳи ҳукумати кишвар дар маҷмааи “Кохи Сомон” ва сипас дар Кохи миллат сурат мегирад.

Дар “Кохи Сомон” сарвари давлат ҷиҳати садоқат ба Конститутсия ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд карда, дар Кохи миллат ба ӯ рамзҳои президентӣ – ливо ва шаҳодатнома супурда мешаванд.

Пас аз ин дар майдони марказии пойтахт ба ифтихори маросими савгандёдкунии президент гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барпо мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.