Тоҷикдухтар пештози 10-гонаи озмуни “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия”

Бо ибтикори Федератсияи муҳоҷирни Русия имсол бори нахуст Озмуни байнулмилалии “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия” баргузор мешавад. Дар он муҳоҷирдухтарон аз кишварҳои гуногун, ки дар қаламрави Русия иқомат доранд, иштирок мекунанд. Айни замон дар овоздиҳӣ тариқи онлайн аллакай 8 нафар тоҷикдухтарон ба даҳгона (ТОП-10)-и аввал шомил гардидаанд. Ҳадаф аз баргузории озмун таҳкими муносбатҳои байни миллату мазҳабҳо […]

Бо ибтикори Федератсияи муҳоҷирни Русия имсол бори нахуст Озмуни байнулмилалии “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия” баргузор мешавад. Дар он муҳоҷирдухтарон аз кишварҳои гуногун, ки дар қаламрави Русия иқомат доранд, иштирок мекунанд.

Айни замон дар овоздиҳӣ тариқи онлайн аллакай 8 нафар тоҷикдухтарон ба даҳгона (ТОП-10)-и аввал шомил гардидаанд.

Ҳадаф аз баргузории озмун таҳкими муносбатҳои байни миллату мазҳабҳо ва ташаккули робитаҳои неки ҳамҷаворӣ миёни халқҳои гуногун унвон шудааст. Дастандаркорони чорабинӣ қайд кардаанд, ки дар озмун ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам шаҳрвнадони хориҷӣ, ки айни замон дар қаламрави Русия иқомат доранд, иштирок мекунанд.

Марҳилаи пешниҳоди дархостҳо ба итмом расид: он аз 8 октябр то 26 октябр гузаронида шуд.

Ҳозир вақти овоздиҳӣ ба иштирокчиёни озмун ҷараён дорад. Шумо бо суроғаи зерин овоз дода метавонед.

Дар бораи озмун президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов маълумоти муфассал дод.

Тоҷикдухтарон дар 10-гонаи аввал

Ба даҳгонаи аввал 8 нафар тоҷикдухтароне шомил гардиданд, ки айни замон дар Русия, бештарашон дар Маскав зиндагӣ мекунанд. Зинаи аввалро аз рӯйи овоздиҳӣ Фотима Каладорова касб кардааст, ки ҳозир аллакай зиёда аз 900 овоз гирифтааст.

“Дар Русия ба дунё омадаву лекин ба таъриху анъанаҳои халқи худ арҷгузорам. Бо хушнудӣ фарҳанги беҳадду канори Ватани худро тавассути ҳунар муаррифӣ мекунам”, – ишора кардааст Фотима дар сомонаи расмии озмун.

Дигар тоҷикдухтарони ба 10-гона шомилгардида инҳо мебошанд: Аниса (зинаи 2-юм), Фарангез, Рӯзиева Баҳора, Гиёева Аниса, Саодат, Марзия ва Савсан дар ҷойи 10-ум.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.