Алмосбек Отамбоев аз боздоштгоҳ ба зиндон интиқол шуд

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки 11 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, ба зиндони рақами №47 интиқол доданд. Ӯ то ҳол дар яке аз боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба вакили дифои ӯ Замира Жоошева, Отамбоев дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кард. Ба гуфтаи вай, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки 11 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, ба зиндони рақами №47 интиқол доданд. Ӯ то ҳол дар яке аз боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба вакили дифои ӯ Замира Жоошева, Отамбоев дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кард. Ба гуфтаи вай, президенти пешинро дар таҳхонаи боздоштгоҳ – ҷое ки пештар маҳкумони ба қатлро нигаҳ медоштанд – нигаҳдорӣ мекунанд. Вакили мудофеъ гуфта буд, он макон шароити бад дорад ва сиҳатии Отамбоев нохуб шудааст.

Вале Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон гуфт, ки Отамбоев дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба боздоштгоҳ интиқол ёфтааст ва шароити макони нигаҳдории президенти пешин мувофиқ ба талабот аст.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Отамбоев дар солҳои 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи июли соли ҷорӣ ӯро бо айби фасодкорӣ 11 сол зиндонӣ карданд. Шаби 6 октябр дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ Отамбоев аз маҳбаси кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод шуд. Баъди чанд рӯз ӯро дубора боздошт карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.