Ба кормандони сохторҳои қудратӣ равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ иҷоза шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон як қатор тағйироту иловаҳоро ба чанде аз қонунҳо, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда, вакилон онро дастгирӣ намуданд, тасдиқ кард. Аз ҷумла, ба чанде аз қонунҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бар асоси он ба кормандони ин мақомот ҷиҳати равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми адои […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон як қатор тағйироту иловаҳоро ба чанде аз қонунҳо, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда, вакилон онро дастгирӣ намуданд, тасдиқ кард.

Аз ҷумла, ба чанде аз қонунҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бар асоси он ба кормандони ин мақомот ҷиҳати равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми адои хизмат иҷоза дода мешавад, тағйироту илова ворид шуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим қайд кард, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ ва бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз чунин имтиёзҳо истифода бурда метавонанд.

Ба ақидаи қонунофарон, ҳангоми адои хизмат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ набояд аз ҳисоби худ маблағ пардохт кунанд.

Зимни истифода аз хизматрасонии таксӣ чунин имтиёз пешбинӣ нашудааст.

Вакилони парлумон инчунин ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонунҳо «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», , «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», ба Кодекси гумрук ва дигар қонуну кодексҳо маъқул шумориданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.