Аз Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков пештози радабандии нави ҷудои ҷаҳон аст

Федератсияи  ҷаҳонии ҷудо (IJF) раддабандии нави ҷаҳонии ҷудокоронро нашр кард. Дар ин раддабандӣ дар миёни раҳлавонони ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён пештозанд.  Аз миёни паҳлавонони ҷудокори тоҷик аз ҳама натиҷаи баландтаринро қаҳрамони феълии ҷаҳон дар миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дорад, ки дар вазни -73 кг мақоми 14-умро бо 3202 имтиёз касб кардааст. […]

ِAsia-Plus

Федератсияи  ҷаҳонии ҷудо (IJF) раддабандии нави ҷаҳонии ҷудокоронро нашр кард. Дар ин раддабандӣ дар миёни раҳлавонони ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён пештозанд. 

Аз миёни паҳлавонони ҷудокори тоҷик аз ҳама натиҷаи баландтаринро қаҳрамони феълии ҷаҳон дар миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дорад, ки дар вазни -73 кг мақоми 14-умро бо 3202 имтиёз касб кардааст. Баъди Сомон мақоми 16-уми ин вазнро ҷудокори дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дорад, ки соҳиби 2708 имтиёз аст.

Комроншоҳ Устопириён бо 2024 имтиёз мақоми 25-уми вазни то 90 кг-ро дорад. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 мақоми 28-умро бо доштани 1821 имтиёз касб кардааст. 

Раддабандии нави ҷудои ҷаҳонӣ баъди баргузории  Grand Slam-и Будапешт сурат гирифтааст, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр баргузор гардид, ки баъди ҳамагирии коронавирус нахустин сабқати ҷаҳонии ҷудо буд. 

Мутаасифона паҳлавонони ҷудокори тоҷик натавонистанд дар ин сабқат ҳунарнамоӣ кунанд, ҳарчанд аз ибтидо гуфта мешуд панҷ паҳлавони тоҷик дар он иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириёнро ба далели риоят накардани қоидаҳои сафар дар давраи ҳамагирии коронавирус дар фурудгоҳи Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб аз идомаи сафар маҳрум карданду Сомон Маҳмадбековро ба далели натиҷаи мусбат додани тести коронавируси мураббии ҷопонияш дар Будапешт нагузошт болои гилеми ҷудои ҳунарнамоӣ кунад.

Онҳое, ки дар Grand Slam-и Будапешт ширкат карданд соҳибони мақомҳои ифтихорӣ мутаносибат соҳиби 1000, 700 ва 500 имётизи олимпӣ шуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.