Ҳалокати 3 кас бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар километри 153-уми қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи пойтахт ба ҷарии қариб 900-метра сарозер рафт. Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ сабаби пешакии садамаро суръати хеле баланди автомашина унвон мекунад, ки дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Гуфта мешавад, […]

Дар километри 153-уми қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи пойтахт ба ҷарии қариб 900-метра сарозер рафт.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ сабаби пешакии садамаро суръати хеле баланди автомашина унвон мекунад, ки дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Гуфта мешавад, дар автомашина 3 нафар қарор дошта, наҷотдиҳандагони Кумита бо як душворие онҳоро аз автомашинаи паҷақшуда берун овардаанд.

“Мутаассифона, бар асари ин садамаи нақлиёт ронандаи 53-сола ва мусофирзани 31-солаи он, сокини ноҳияи Варзоб ҳалок шуда, мусофири дигар – сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ оварда мешавад ва дар он ҷо ба ҳалокат расид”, – хабар медиҳад Кумита.

Кумита аз ронандагон боисрор дархост мекунад, ки зимни ҳаракат дар роҳҳо ҳушёру боэҳтиёт буда, меъёрҳои суръати муқарраршударо риоя намоянд.

Ҳамчунин тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон, субҳи 30 октябр дар қаламрави деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб автомашинаи “Камаз-355102”  таҳти идораи Нуралӣ Таварови 62-сола пиёдагард, сокини маҳаллӣ Абдуҳалим Темурови ҳамсолаш пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз автомашинаи “БМВ”, ки онро Фаррух Сайвалиеви 22-сола идора мекард, дар кӯчаи Ҷалолиддини Румии пойтахт велосипедрон Саидҷон Ҷабборови 58-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.