Ифтитоҳи ҳудуди 200 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Тоҷикистон аз оғози сол

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 106 корхона ва 87 коргоҳи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, ин корхонаву коргоҳҳо ба истеҳсоли маводи ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук ва мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон ва маъданҳои кӯҳӣ машғуланд. Таъкид мешавад, ки дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба […]

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 106 корхона ва 87 коргоҳи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, ин корхонаву коргоҳҳо ба истеҳсоли маводи ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук ва мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон ва маъданҳои кӯҳӣ машғуланд.

Таъкид мешавад, ки дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин корхонаву коргоҳҳо аллакай ба маблағи 691 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба 3,3%-и Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Ба туфайли ба истифода додани иқтидорҳои нав, ҳиссаи саноат дар сохтори ММД-и кишвар то 17,9% афзуд.

“Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 2 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ беш аз 2,4 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ наздики 2,3 корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла 694-тоашон дар вилояти Суғд, 613 – дар вилояти Хатлон, 471 – дар Душанбе, 425 – дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 50-то дигар дар ВМКБ фаъолият доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.