Хушқадам имсол медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро соҳиб шуд

Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рӯзи охири сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Нови-Сади Сербистон медали биринҷии ин сабқатро дар вазни 62 кг ба даст овард. Хушқадам дар даври аввал аз самбокори рус Александр Матайс бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Баъдан ӯ дар даври шонси дубора ё тасаллобахш бар Небоҷса Николиси сербиягӣ ғолиб омада, барои […]

Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рӯзи охири сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Нови-Сади Сербистон медали биринҷии ин сабқатро дар вазни 62 кг ба даст овард.

Хушқадам дар даври аввал аз самбокори рус Александр Матайс бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Баъдан ӯ дар даври шонси дубора ё тасаллобахш бар Небоҷса Николиси сербиягӣ ғолиб омада, барои ҷойи севум Фарҳод Абжалиеви қирғизро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Имсол, ки қаҳрамонии самбои ҷаҳон зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ доир шуд аз Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор паҳлавон тавонистанд ба ин сабқатҳо бираванд, ки ҳамаи онҳо соҳиби медалҳои ин мусобиқот шуданд.

Комроншоҳ Устопириён мақоми сеюми вазни 90 кг, Акмаллидин Каримов медали нуқраи вазни 57 ва Самиъҷон Абдушукоров дар миёни ҷавонон медали биринҷиро ба даст овард.

Хушқадам Хусравов серҷоизатарин самбокори тоҷик аст, ки то кунун дастовардҳои такрорношудае дар таърихи самбои тоҷик дорад. Ӯ соли 2018 дар Руминя қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд, ки баъди Сайидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода сеюмин нафаре аз Тоҷикистон аст, ки ин унвонро ба даст овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.