Брянск механику муҳандисонро аз Тоҷикистон ба кор даъват мекунад

Вилояти Брянск дар амалсиозии Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии ихтиёрии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русия иштирок мекунад. Аҳолии вилояти Брянск беш аз 1,2 млн нафарро ташкил дода, аксарияти сокинонони он дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Вилоят минтақаи муҳими саноатӣ бо зербинои рушдёфта ва истеҳсолоти нодир ба шумор меравад. Корхонаҳои муҳимтарини минтақа дар Брянск, Дятков ва […]

Asia-Plus

Вилояти Брянск дар амалсиозии Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии ихтиёрии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русия иштирок мекунад.

Аҳолии вилояти Брянск беш аз 1,2 млн нафарро ташкил дода, аксарияти сокинонони он дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.

Вилоят минтақаи муҳими саноатӣ бо зербинои рушдёфта ва истеҳсолоти нодир ба шумор меравад. Корхонаҳои муҳимтарини минтақа дар Брянск, Дятков ва Клинс ҷойгир мебошанд. Ҳиссаи хеле зиёди саноати вилоят ба соҳаҳои коркарди фулузот (металл) ва мошинсозӣ рост меояд.

Заминҳои серҳосил ва иқлими сабук ба рушди кишоварзӣ дар вилоят мусоидат мекунанд. Дар ин заминҳо лаблабу, зағир, розак (хмель) ва зироати ғалладона – ҷаву гандум кишт мешаванд. Дар чорводорӣ бештар ба истеҳсоли гӯшту шир ва парандапарварӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Айни замон вилояти Брянск ба мутахаасисони соҳаи тиб, муҳандисон-технологҳои ҳирфаӣ, механик ва муҳандисони соҳибкасб оид ба ҷамъу васл ва озмоишҳо, барномасозон, операторони дастгоҳҳои гуногун ва ҳуқуқшиносон ниёз дорад.

Вилояти Брянкск минтақаи мусоид барои оғози сафҳаи нав дар ҳаёт мебошад. Зерсохтори ин ҷо рушдёфта буда, ҷойҳои корӣ бисёр ва барои роҳандозии кор (тиҷорат, истеҳсолот)-и шахсӣ имконоти мусоид фароҳам аст.

Маълумоти муфассал дар бораи Барномаи давлатӣ дар сомонаи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон (http://dushanbe.mid.ru) дар бахши «Государственная программа переселения соотечественников», инчунин порталҳои иттилоотии «Русский век» (https://ruvek.ru) ва АИС «Соотечественники» (https://aiss.gov.ru) қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.