Даргузашти адиб Баҳманёр дар Душанбе ва профессор Ҳасан Муродиён дар Хатлон

Имрӯз, 10 ноябр нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр дар манзили худ дар Душанбе дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд. Ба қавли наздикони адиб, ҷасади ӯ нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Панҷакент ба хок супурда мешавад. Баҳманёр (Аминӣ Баҳманёр Арабзода) 15 июли соли 1954 дар Панҷакент […]

Имрӯз, 10 ноябр нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр дар манзили худ дар Душанбе дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Ба қавли наздикони адиб, ҷасади ӯ нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Панҷакент ба хок супурда мешавад.

Баҳманёр (Аминӣ Баҳманёр Арабзода) 15 июли соли 1954 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи ришати шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, аз соли 1977 дар Кумитаи телевизион, соли 1981 – газетаи “Маданияти Тоҷикистон” ва идораи дигар рӯзномаву маҷаллаҳои адабӣ кор кардааст. Давоми солҳои 1983-1985 ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ дар Либия фаъолият дошт.

Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), романи “Шоҳаншоҳ” ва дигар асарҳои бадеӣ мебошад.

Ҳикояҳои ӯ ба забонҳои зиёди хориҷӣ тарҷумаву ба нашр расидаанд. Китобаш “Сармаддеҳ” соли 2015 бо забони форсӣ дар Лондон чоп шуд.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар Ҳасани Муродиён дар ноҳияи Вахш аз олам даргузашт. Ӯ шаби 8 ноябр дар беморхонаи сироятии Душанбе вафот кардааст.

Ба гуфтаи пайвандони профессор, як ҳафта пеш ӯ бо бемории “илтиҳоби шуши дутарафа” дар ин бемористон бистарӣ шудааст.

Ҳасани Муродиён яке аз муҳақиқони маъруфи забон ва адабиёти тоҷик дар ҷумҳурӣ ва минтақа ба шумор меравад.

Ӯ муаллифи 35 китоби дарсӣ ва таҳқиқотӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ даҳҳо олимони ҷавон рисолаҳои илмии худро муваффақона ҳимоя карданд.

Ҳасани Муродиён 20 сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатамкардаи риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (феълан Бохтар) буда, фаъолияти кориашро аз омӯзгорӣ дар мактаби миёна оғоз кардааст. Солҳои охир ба ҳайси мушвори ректори Донишгоҳи Бохтар фаъолият дошт.

Ҳасани Муродиён ҳамчунин узви Иттиофқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.