Нақшаи то 32,2 млрд сомонӣ афзудани даромади буҷети Тоҷикистон дар 3 соли наздик

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2023 ҳаҷми даромади Буҷети давлатиро то 32,2 млрд сомонӣ зиёд кунад. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет барои соли равон ба андозаи 36,4% ё худ 8,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст. Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2021” ва Нишондиҳанаҳои дурнамои Буҷети давлатии давраи […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2023 ҳаҷми даромади Буҷети давлатиро то 32,2 млрд сомонӣ зиёд кунад.

Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет барои соли равон ба андозаи 36,4% ё худ 8,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст.

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2021” ва Нишондиҳанаҳои дурнамои Буҷети давлатии давраи солҳои 2022-2023 гуфта мешавад, ҳаҷми умумии қисмати даромади Буҷети давлатии соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ, соли 2022 – зиёда аз 30,9 млрд сомонӣ ва соли 2023 – беш аз 32,2 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бар асари таъсири пандемияи коронавируси нав ба иқтисоди кишвар, буҷети соли ҷорӣ бозбинӣ ва ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан пешбинишуда дар ҳаҷми 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат афзоиши қисмати хароҷоти буҷетро  дар соли 2023 ба андозаи 26,1% ё худ 6,8 млрд сомонӣ дар муқоиса бо нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷот барои соли ҷорӣ (26 млрд сомонӣ) пешбинӣ кардааст.

Ба ин тариқ, хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ, соли 2022 – 31,5 млрд сомонӣ ва соли 2023 – 32,9 млрд сомонӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки даромади Буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 16,5 млрд сомониро ташкил дод, ки аз нақгшаи тасҳеҳшуда 565 млн сомонӣ камтар аст.

Камбуди воридшавии маблағ ба буҷетро дар ин давра Вазорати молия дар навбати аввал, коҳиши даромад аз пардохти андозҳои асосӣ – андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда маънидод мекунад. Ҳиссаи андозҳо дар буҷети ҷумҳурӣ то ба 70% мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.