Зимистони имсола дар Тоҷикистон хунук мешавад

Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯйӣ мекунанд, ки  зимистон имсола нисбат ба зимистони соли пешин хунуктар мешавад. Аллакай нимаи моҳи декабр сардиҳои 15-дараҷа пешбинӣ мешавад. Поинравии ҳарорат аз даҳаи дуюми моҳи ноябр оғоз гардида, охири моҳ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳавои нисбатан хунуктар ҳукмфармо мегардад. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 23 ноябр ҳавои […]

Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯйӣ мекунанд, ки  зимистон имсола нисбат ба зимистони соли пешин хунуктар мешавад. Аллакай нимаи моҳи декабр сардиҳои 15-дараҷа пешбинӣ мешавад.

Поинравии ҳарорат аз даҳаи дуюми моҳи ноябр оғоз гардида, охири моҳ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳавои нисбатан хунуктар ҳукмфармо мегардад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 23 ноябр ҳавои ҳақиқии зимистона фаро расида, ҳафтаи аввали моҳи декабр хунукӣ андаке камтар мешавад.

Минбаъд то охири сол обуҳавои хунук пешгӯйӣ мешавад. Нимаи моҳи декабр шабона ҳарорати ҳаво то 15 дараҷа хунукӣ расида метавонад. Танҳо пеш аз фарорасии Соли нав – рӯзҳои 30-31 декабр ҳавои то 10 дараҷа гарм мешавад.

Лекин бо оғози моҳи январ обуҳаво дар Тоҷикисон боз рӯ ба сардӣ меорад. Дар Душанбе гармии ҳадди ниҳоӣ ҳамагӣ то 5 дараҷа пешбинӣ мешавад. Тибқи пешгӯйиҳои дарозмуҳлат, танҳо охири моҳи феврал гармшавии обуҳаво дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки пешгӯйии дарозмуҳлати вазъи обуҳаво тахминӣ буда, тағйир ёфта метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.