Эмомалӣ Раҳмон кормандони ВКД-ро бо Рӯзи милитсия табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро бо иди касбиашон – Рӯзи милитсия табрику таҳният гуфт. “…Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро барои саҳми бисёр арзишмандатон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни касбиатон […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро бо иди касбиашон – Рӯзи милитсия табрику таҳният гуфт.

“…Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро барои саҳми бисёр арзишмандатон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям”, – қайд мешавад дар паёми шодбошии сарвари давлат ба ин муносибат.

Гуфта мешавад, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

“Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша беш аз 2 ҳазор нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем, – омадааст дар паём. – Дар рӯзи ҷашни касбии кормандони милитсия бори дигар миннатдории худро барои заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ изҳор медорам”.

Дар паёми шодбошии худ президент изҳори итминон кардааст, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.