Бародарзодаи Қоҳир Расулзода муовини раиси Суғд шуд

Зариф Назирӣ, бародарзодаи сарвазири Тоҷикистон, ки то ин дам раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд, акнун муовини раиси ин вилоят таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Рустам Каримзода омад. Дар сайти Президенти Тоҷикистон дар мавриди ин тағйирот гуфта шудааст: “Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ» […]

Зариф Назирӣ, бародарзодаи сарвазири Тоҷикистон, ки то ин дам раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд, акнун муовини раиси ин вилоят таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Рустам Каримзода омад.

Дар сайти Президенти Тоҷикистон дар мавриди ин тағйирот гуфта шудааст:

“Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ» Каримзода Рустам Раҳим аз вазифаи муовини раиси вилояти Суғд озод ва Назирӣ Зариф Вализода муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид”.

Ҳамчунин бо як қарори дигари ҳукумат Нусратулло Асрорзода директори иҷроияи «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» таъин шуд.

Имрӯз дар идомаи тағйироти раисону шаҳру ноҳияҳо Президенти инчунин раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғдро низ барканору таъин намуд.

Тибқи фармонҳои нав ба ҷойи Зариф Назирӣ Зафарбек Давлатзода, ки то ин дам раиси шаҳри Конибодом буд, таъин шудааст.

Президенти Тоҷикистон Абдусалом Тӯхтасунзодаро иҷрокунандаи раиси шаҳри Конибодом таъин кардааст. Акрамзода Баҳодур раиси ноҳияи Шаҳристон таъин шуд, ки раиси пешини ин ноҳия акнун раиси ноҳияи Деваштич таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.