Раисони шохаҳои дигари “Барқи тоҷик” маълум шуданд

Баъди ба се бахш тақисм шудани ширкати “Барқи тоҷик” бори аввал, пас аз гузашти якуним сол раисони қисматҳои дигари он таъин шуданд. Бо як қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз Билолзода Умедҷон Ҳайдар директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Маҳмудзода Мирзо директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» таъин шуданд. Моҳи июни соли […]

Баъди ба се бахш тақисм шудани ширкати “Барқи тоҷик” бори аввал, пас аз гузашти якуним сол раисони қисматҳои дигари он таъин шуданд.

Бо як қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз Билолзода Умедҷон Ҳайдар директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Маҳмудзода Мирзо директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» таъин шуданд.

Моҳи июни соли гузашта баъди баҳсҳои зиёди даҳсола ширкати “Барқи тоҷик” ба се ширкат ҷудо шуда буд, ки «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз ин ширкат ҷудо шуда буданд.

Он замон гуфта мешуд, ки ин ду ширкати нав то як муддат дар сохтори “Барқи тоҷик” фаъолият мекунанд ва баъдан мустақил мешаванд.

Тақдиди сохтории ширкати “Барқи тоҷик”, ки гуфта мешавад тавсияи созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон буд, дар ҳоле сурат гирифт, ки ин ширкат наздик ба 2,5 миллиард доллар қарздор мебошад.

Ахиран хабаре расонаӣ шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ширкат бо малағи 6,7 миллион доллар дуздии барқро ошкор кардааст. Ҳамчунин Додситонии кулл рӯзи 30-юми октябр комиссияи вижаеро барои “тафтиши корбурди сарфакоронаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти неру ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи нави пардохти пули барқро дар саросари ҷумҳурӣ” месанҷад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.