Тоҷикистонро заминларзаи 4,9-баллӣ такон дод

Соати 19:37 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар 16 километрии шаҳраки Ғарм заминларза бо қувваи 4,9 балл ба қайд гирифта шуд. Заминҷунбӣ ҳамчунин дар дигар кишварҳои минтақа – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон эҳсос шудааст. Дар бораи харобиҳову зарару зиён ва ҷабрдидгон бар асари ин заминларза алҳол маълумот дастрас нест. Қобили зикр аст, ки […]

Соати 19:37 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар 16 километрии шаҳраки Ғарм заминларза бо қувваи 4,9 балл ба қайд гирифта шуд.

Заминҷунбӣ ҳамчунин дар дигар кишварҳои минтақа – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон эҳсос шудааст.

Дар бораи харобиҳову зарару зиён ва ҷабрдидгон бар асари ин заминларза алҳол маълумот дастрас нест.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 8 ноябр низ дар ВМКБ, 41 километрии шаҳри Хоруғ заминҷунбии 4,6 балла сабт шуда буд. Инчунин рӯзи 6 ноябр Тоҷикистон ва боз се кишвари дигари Осиёи Марказиро заминларза такон дода буд.

Чанде пеш дар блоги директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук қайд шуд, ки талафоти ҳамасолаи Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои обхезӣ ва заминларзаҳо 400 млн долларро ташкил медиҳад.

Зикр гардида буд, ки теъдоди ҷабрдидагон аз ин офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол то ба 500 ҳазор нафар мерасад.

Ба сурати умум, таъкид намуд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ҳамасола 10 млрд доллар зарар мебинанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.