Рустами Эмомалӣ ниҳолшинониро оғоз кард

Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо шинондани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ ба ин  маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшид. Гуфта мешавад, дар ду шафати хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе беш […]

Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо шинондани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ ба ин  маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшид.

Гуфта мешавад, дар ду шафати хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе беш аз 300 ниҳоли дарахтони магнолия шинонида мешавад, ки ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳад кард.

“Дар маҷмӯъ, ин мавсим тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 млн адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 млн дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Раиси пойтахт масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт даъват намуд.

“Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва албатта риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид, зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад”, – қайд мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи сентябр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.