Истифода аз моҳиҳо барои тоза кардани дарёи Сир

Дар шимолии Тоҷикистон тасмим доранд барои аз миёни бурдани буттаҳои худрӯйи соҳили дарёи Сир ва коҳиши хароҷоти соҳилтозакунӣ аз моҳиҳои растанихӯр истифода баранд. Масъулин мегӯяд, давоми чанд соли ахир аз набуди моҳиҳои растанихӯр дар дохили дарё ду паҳлӯи соҳили Сир, ки аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд мегузарад бутазор гардида, мушкилоти экологиро бар ҷой гузоштааст. Махсусан ҳангоми […]

Дар шимолии Тоҷикистон тасмим доранд барои аз миёни бурдани буттаҳои худрӯйи соҳили дарёи Сир ва коҳиши хароҷоти соҳилтозакунӣ аз моҳиҳои растанихӯр истифода баранд.

Масъулин мегӯяд, давоми чанд соли ахир аз набуди моҳиҳои растанихӯр дар дохили дарё ду паҳлӯи соҳили Сир, ки аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд мегузарад бутазор гардида, мушкилоти экологиро бар ҷой гузоштааст. Махсусан ҳангоми тобистон қамишзори соҳили дарёи Сир манбаи паҳншавии ҳама гуна магасҳои зараррасон гардида, боиси нороҳатии шаҳрнишинон шудааст.

Хуршед Саидов, масъули Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки агар моҳиҳои растанихӯр дар дарё зиёд гардад, эҳтиёҷ ба соҳилтозакунӣ кам гардида, аз масрафи маблағҳои зиёди ҷилавгирӣ мешавад.

Ҳарчанд маблағ барои корҳои соҳилтозакунӣ мушаххас нест, аммо гуфта мешавад дар ин самт ҳамасола маблағҳои зиёд аз буҷҷа масраф мешавад.

“Бубинед 30 сол пеш то ин дараҷа соҳили дарёи Сир буттазор набуд ва ҳоло дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ки дарёи Сир мегузарад чунин буттаҳои худрӯй, аз ҷумла қамиш зиёд шудааст. Дар асл зиёд рӯйидани чунин бутаҳо аз нигоҳи экологӣ қобили қабул нест. Чунки магасҳои зараррасон зиёд шуда истодааст ва он бетаъсир нест. Агар моҳиҳои растанихӯр дар дарё бисёр гардад, ба таври табиӣ буттаҳои худрӯй тоза мешавад, ки эҳтиёҷ ба соҳилтозакунӣ кам мегардад”.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода низ ба ин масъала таваҷҷӯҳ карда ва дар нахустин сафари корияш ба Суғд,  рӯзҳои 4-5-уми ноябр экологҳоро муваззаф намуд то сари зиёд намудани моҳиҳои растанихӯр чораҷӯйи кунанд. Вай дастур дод дар дарёи Сир ва Баҳри тоҷик моҳиҳои бутахӯри намуди капур, амури сафед, пешинипаҳни алочаи сафед зиёд карда шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.