$500 ҳазор қарзи БАТР барои ҷорисозии технологияҳои муосири энергетикӣ дар Тоҷикистон

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) тавассути қарздиҳӣ ба фаъолияти ширкати пешрафтаи ватании муҳандисиву сохтмонии ҶДММ “Помирэнергосервис” пешниҳоди хизмматгузориро оид ба таъмини устувор бо барқ, корҳои ободонӣ дар таъминот бо об ва сохтмони шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. БАТР дар ҳамдастӣ бо ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурди Тоҷикистон” ба ҶДММ “Помирэнергосервис” дар доираи тақсимоти хавфҳои […]

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) тавассути қарздиҳӣ ба фаъолияти ширкати пешрафтаи ватании муҳандисиву сохтмонии ҶДММ “Помирэнергосервис” пешниҳоди хизмматгузориро оид ба таъмини устувор бо барқ, корҳои ободонӣ дар таъминот бо об ва сохтмони шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

БАТР дар ҳамдастӣ бо ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурди Тоҷикистон” ба ҶДММ “Помирэнергосервис” дар доираи тақсимоти хавфҳои БАТР ба муҳлати 4 сол ба маблағи 500 ҳазор доллар қарз ҷудо кард.

Маблағ барои дастгирии барномаи сармоягузории асосии ширкат, ки аз харидани таҷҳизоти коркарди фулузот ва тақвияти иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ иборат аст, равона мегардад.

Лоиҳа ба ширкат ҷиҳати истифодаи технологияҳои баландсифати муосир аз лиҳози сарфаи энергия пурсамар имкон медиҳад, ки ба сарфаи ҳаҷми солонаи энергия ба зиёда аз 20% ва коҳиши партоби CO2 дар ҳаҷми 50 ҳазор тонна дар як сол шароит фароҳам меорад.

Ба ҶДММ “Помирэнергосервис” ҷиҳати харидорӣ ва насби таҷҳизоти муосири коркарди металл, рӯшноидиҳии диодӣ, сардкунакҳои хушк, панелҳои офтобӣ, инчунин дигар таҷҳизот ва технологияҳои муосир имкон дода мешавад.

Тоҷикистон аз соли 1992 узви БАТР мебошад. Тӯли ин солҳо Бонк барои амалисозии 135 лоиҳа дар кишвар наздики 900 лоиҳаро саармоягузорӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.