Боз як табиби дигар аз коронавирус фавтид: 50-сола

Сардухтури бахши дандонпизишки Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” Анвар Хуҷамуродов, бо гумони бемории сироятии нави коронавирус дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба иттилои як манбаъи “Азия-Плюс” номбурда дар беморхонаи сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ буда, рӯзи 14-уми ноябр даргузашт. Инчунин манбаъ мегӯяд ӯ соҳиби чор фарзанд буда, беҳтарин […]

Сардухтури бахши дандонпизишки Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” Анвар Хуҷамуродов, бо гумони бемории сироятии нави коронавирус дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба иттилои як манбаъи “Азия-Плюс” номбурда дар беморхонаи сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ буда, рӯзи 14-уми ноябр даргузашт.

Инчунин манбаъ мегӯяд ӯ соҳиби чор фарзанд буда, беҳтарин табиб дар касби худ будааст. Дар шабакаҳои иҷтимои низ аз марги нобаҳангоми табиб корбарони зиёде изҳори тасалият намуда, Рухшонаи Олимҷон (Ruhshonai Olimjon) навиштааст, “Шумо магар дидед, ки чӣ гуна табибон бемор мешаванд? Ман дидам. Онҳо беморони беправоянд, зеро онҳо, ҳатто то охири ҳайёт, ба хотири наҷоти дигарон беморӣ ва дарди худро нодида мегиранд. Худованд раҳмату мағфират гардонад духтурони ҷонбохтаро”.

Бояд қайд кард, ки рӯзи 4-уми ноябр мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимовро низ дар 54-солагӣ ва мудири шуъбаи пизишкии мардони Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии ин вилоятро дар синни 60-солагияш ба хок супориданд.

Аввалӣ баъди тахмин як моҳи табобат дар беморхона бо иллати оризаҳои “илтиҳоби шуш” ва дувумин дар пайи табобати хонагӣ бар муқобила бо ҳамин беморӣ ҷон бохтанд.

Мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимов оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамроҳи ҳамсараш мудири шӯъбаи амрози занонаи ҳамин беморхона бо нишонаҳои бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буданд.

Ҳайати кормандони гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.