Баъди як моҳи вазифагирӣ: даргузашти сардори Раёсати оташнишонии Суғд

Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар 56 солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ давоми ду ҳафтаи ахир дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо иллати сактаи қалб бистарӣ буд. Ҳафиз Юсуфӣ охири моҳи октябри соли равон расман Сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шуда буд. Дар Раёсати оташнишонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки […]

Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар 56 солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ давоми ду ҳафтаи ахир дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо иллати сактаи қалб бистарӣ буд.

Ҳафиз Юсуфӣ охири моҳи октябри соли равон расман Сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шуда буд.

Дар Раёсати оташнишонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сардорашон соати 04:00 саҳарии 17-уми ноябр аз олам даргузашт ва соати 11-и ҳамин рӯз ба хок супурда шуд.

“Сардор қаблан бемории қалнд доштанд. Ду ҳафта пеш сардорро бо бемории сактаи қалб дар Шӯъбаи эҳёи Беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ карданд.Субҳи имрӯз 17-уми ноябр дар ҳамин шӯъба зери дастгоҳи нафасдиҳӣ ҷон ба ҳақ супурданд. Инсони хело хуб буданд.”-гуфтанд дар Раёсат.

Ҳафиз Юсуфӣ ҳамаги баъди тахмин чаҳор моҳи Сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шуданаш вафот кард. Ӯ беш аз 33 соли умри худро дар вазифаҳои гуногуни РВКД дар вилояти Суғд гузаронидааст. Соли 1996 Мактаби олии милитсияи ВКД ҶТ-ро хатм намуда, баъдан солҳои 1987-1988 корманди ротаи Шуъбаи ғайриидоравӣ дар назди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои  1988-2017 дар вазифаҳои гуногуни корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд кор кард.

Ҳафиз Юсуфӣ то замони сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шудан, қаблан сардори шӯъбачаи бақайдгирии имтиҳоноти ШБДА РВКД-и Суғд буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.