Хадамоти алоқа: даромади операторони алоқаи мобилӣ афзуд

Даромади операторони хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 82 млн сомонӣ (7,2 млн доллар) афзудааст. Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ операторони хусусӣ 1 млрд 860 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,6% […]

Даромади операторони хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 82 млн сомонӣ (7,2 млн доллар) афзудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ операторони хусусӣ 1 млрд 860 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,6% зиёдтар аст.

Ҳиссаи операторони хусусии мобилӣ дар бахши алоқаи Тоҷикистон 94%-ро ташкил медиҳад.

Даромади оператори миллии алоқа (“Тоҷиктелеком”), КВД “Почтаи тоҷик”, инчунин дигар воҳидҳои Хадамоти алоқа баръакс, ба андозаи 25% кам шудааст: аз 146 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли гузашта то ба 110 млн сомонӣ дар 9 моҳи соли равон.

Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 3,1 млн муштариён ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ – қариб беш аз 6 млн нафарро ташкил дода, ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Даромади операторони хусусии алоқаи кишвар тайи чанд соли охир мунтазам кам мешуд. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ коҳиш ёфта, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дод.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Аввали моҳи октябри ҳамин сол дар бораи ба фаъолият оғоз намудани боз як ширкати алоқаи мобилӣ – “О Мобайл” хабар дода шуда буд.

Афзоиши даромади операторони мобилӣ ба гумони ғолиб, ба гароншавии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар семоҳаи дуюми ҳамин сол, инчунин дар робита ба пандемияи коронавирус, ки бар асари он аксарият ба кори фосилавӣ гузашта, мутаносибан аз алоқаи мобилӣ ва интернет зиёдтар истифода мебурданд, вобаста аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.